Ссылки доступа

Ӯзбекистон дар ОМ шумори бештари гирифторони ВИЧ-ро дорад


Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ шумори аз ҳама бештари гирифторони вируси норасоии масунияти одам ё ВИЧ дар Ӯзбекистон ба сар мебаранд. Дар ин бора мудири минтақавии UNAIDS дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ Виней Салдана хабар додааст.

Ба гуфтаи вай, дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ВИЧ аз ҳама бештар дар Ӯзбекистон паҳн шудааст. Ба гуфтаи Салдана, эҳтимол ин ба теъдоди аҳолӣ рабт дорад. Зимнан, дар Осиёи Марказӣ Ӯзбекистон ягона кишварест, ки аҳолияш ба марзи 30 миллион мерасад.

"Ин ҷо шумори гирифторони ВИЧ ба маротиб бештар ба қайд гирифта шудаанд. Мо дар Қирғизистону Тоҷикистон шумори камтари онҳоро сабти ном кардаем", - афзудааст Салдана.

Намояндаи UNAIDS ҳамчунин хабар дод, ки Туркманистон ягона давлати минтақа аст, ки дар бораи мубталоёни ВИЧ дар ин кишвар ба СММ иттилоъ надодааст.

XS
SM
MD
LG