Ссылки доступа

Русия ба Арманистон силоҳ медиҳад


Зимни сафари охири Серж Саргсян, президенти Арманистон ба Санкт-Петербурги Русия дар мавриди харидани силоҳӣ русӣ ҷонибҳо ба созиш расидаанд.

Дар ин бора котиби Ҳизби ҳокими ҷумҳурихоҳони Арманистон, ноиб-раиси порлумони ин кишвар Эдуард Шарманзов хабар додааст.

"Мо бояд бо Москва муносибатҳоямонро сари вақт таҳким бахшем. Аз ҷиҳати мусаллаҳшавӣ, ҳамчунин аз ҷиҳати рушди муносибатҳои стратегии муттаҳидӣ ба созишҳои мушаххас расидем... Зимни сафари охир дар ин муносибатҳо бо назардошти манфиатҳои Арманистону Русия рӯшанӣ андохта шуд", - гуфтааст Шармазанов.

Серж Саргсян, президенти Арманистон рӯзи душанбе ба Санкт-Петербург рафта, ба ҷуз аз мулоқоти сеҷониба дар мавриди танзими низои Қарабоғи Куҳӣ, ҳамчунин бо президенти Русия Владимир Путин мулоқоти як ба як доштааст.

XS
SM
MD
LG