Бино бар иттилои ин ниҳод, ҷониби Қирғизистон бо навиштани як нома аз комиссияи иқтисодии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё даъват кардааст, ки паҳн шудани гӯшту маҳсулоти ширии ҳайвонҳои бемор дар қаламрави кишварҳои узви иттиҳод пешгирӣ шавад.
Ҳафтаи гузашта ду сокини вилояти Қазоқистони Шарқии Қазоқистон бо аломати бемории сиёҳзахм бистарӣ гардиданд. Ин дар ҳолест, ки қаблан дар беморхонаи бемориҳои сироятии шаҳри Қарағанда ду нафар аз ин беморӣ фавтида буд.