Ссылки доступа

Аврупо: оғози иқдоми ҳимоят аз қурбониёни шиканҷа дар Ӯзбекистон


Созмони байнулмилалии ҳуқуқи инсони “Клуби қалбҳои оташин” ба муносибати 26-уми июн - Рўзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа дар шаҳри Порис иқдоми якмоҳаи “Кӣ гунаҳкор аст?! Навбати кист?!”-ро роҳандозӣ кардааст.

Муътабар Тоҷибоева, раиси ин созмон мегӯяд, иқдоми мазкур ба ҳимоят аз ҳуқуқи фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Ӯзбекистон бахшида шудааст, ки танҳо барои мубориза ба хотири ҳуқуқи инсону арзишҳои демократӣ шиканҷа ва бо айбҳои сохтаву бофта равонаи зиндон шудаанд.

Дар рафти иқдоми "Кӣ гунаҳкор аст?! Навбати кист?!” аксу наворҳои видеоӣ ва аудиоӣ дар бораи шаҳрвандони Ӯзбекистон нашр хоҳад шуд. Ба гуфтаи вай, ин навору аксҳо аз марги фаъолоне ҳикоят хоҳанд кард, ки дар натиҷаи шиканҷаи кормандони хадамоти амниятии ин кишвар ҷон додаанд ё ғайриқонунӣ рабуда ба Ӯзбекистон истирдод ва баъдан кушта шудаанд.

Ин ҳомии ҳуқуқ бар ин аст, ки ҳукумати Ӯзбекистон рӯзе бояд ба ин амалҳои ғайриқонунияш ҷавоб бидиҳад.

Иқдоми якмоҳаи “Кӣ гунаҳкор аст?! Навбати кист?!”-ро гуруҳи ташаббускори “Барои зиндагии бидуни шиканҷа”, Кумитаи ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирону созмонҳои дигари узви Шӯрои ҳамоҳангсози ҷомеаи шаҳрвандии Ӯзбекистон дар хориҷ дастгирӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG