Ссылки доступа

Маҳсулоти Қирғизистон марзи Русияро бе тафтиш мегузарад


Мошинҳои ҳомили маҳсулоти зудвайроншавадаи Қирғизистон аз ин ба баъд дар марзи Қазоқистону Русия дигар барои тафтиш манъ карда намешаванд. Дар ин бора аз вазорати иқтисоди Қирғизистон хабар доданд.

Ин қарор баъди муроҷиати Қирғизистон ба Комиссияи иқтисодии АвруОсиё ва Хадамоти федеролии назорати байторию фитосанитарии Русия қабул шудааст.

Ёдрас мешавем, Қирғизистон моҳи августи соли 2015 узви комилҳуқуқи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шуд. Бар пояи созишномаҳо, миёни аъзои иттиҳод назорати гумрукӣ бекор мешавад. Ба ҷуз ин, дар доираи созишномаҳо Қирғизистон ҳақ пайдо кард, ки бидуни монеа ба кишварҳои узв маҳсулоти гӯштию ширӣ содир кунад.

Аммо Қазоқистон ва Русия бо вайрон кардани созишномаҳо, ба воридшавии маҳсулоти Қирғизистон бо баҳонаи мавҷуд набудани ҳуҷҷатҳои фитосанирӣ, монеъа эҷод мекарданд.

XS
SM
MD
LG