Ссылки доступа

Дар Украина бо гумони робита доштан бо ДИ ду тоҷик боздошт шуд


Мақомоти қудратии Украина ду шаҳрванди Осиёи Миёнаро, ки аз Истамбули Туркия вориди қаламрави ин кишвар шуданд, дар фурудгоҳи Харков боздошт кардаанд. Номи боздоштшудаҳо эълон нашудааст, аммо аксари расонаҳои Русия ва Украина менависанд, ки онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.

Ин ду шаҳрванди Тоҷикистон баъди боздошт ба мақомоти қудратӣ интиқол дода шудаанд. Нашрияи "Ҳақиқати Украина" менависад, "дар натиҷаи тафтишот муайян шудааст, ки боздоштшудаҳо бо айби ҳамкорӣ бо гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" дар кофтукови байналхалқӣ қарор доштаанд. Онҳо дар тамрингоҳҳои ДИ омодагии низомӣ дида, баъдан дар амалиётҳои ҷангии Сурия ширкат кардаанд", - менависад нашрия.

Ба навиштаи расонаҳо, кормандони интизомии Украина аз ин афрод наворҳои таҳияи бомба, маводи тарканда ва ҳамин тариқ роҳҳои истифодаи телефонҳои дастӣ барои таркишҳои канорироҳиро кашф кардаанд.

"Ба ҷуз ин, аз онҳо адабиёти дорои хосияти экстермистӣ содир шудааст. Боздоштшудаҳо гуфтаанд, ки ният доштанд дар Тоҷикистон инқилоби исломӣ барпо кунанд", - хабар медиҳад мақомоти қудратии Украина.

Масъалаи истирдоди онҳо ба Ватан баррасӣ мешавад. Аммо Тоҷикистон то кунун ба ин хабарҳо вокуниш нишод надодааст.

XS
SM
MD
LG