Ссылки доступа

Кэмерон: қарори хориҷ шудан аз ИА-ро бояд сарвазири навбатӣ гирад


Дэвид Кэмерон, сарвазири Бритониё дар порлумон гуфтааст, тамоми қарорҳои калидиро барои берун шудани кишвараш аз ҳайати Иттиҳоди Аврупо (ИА) бояд нафаре бигирад, ки ба ҷои вай меояд.

Кобинаи Кэмерон тамоми ҳуҷҷату санадҳои лозимиро омода мекунад, вале барои берун рафтан ариза пешниҳод нахоҳад кард.

Бино бар иттилои Би-би-сӣ, сарвазири Бритониё зимни ҷаласаи порлумон ҳангоми эълони натиҷаи раъйпурсии 23 июн гуфтааст, вай аллакай раҳбарияти Иттиҳоди Аврупо ва Ангела Меркел, садри аъзами Олмонро огаҳ кардааст, ки кобинааш дар раванди берун шудани ин кишвар аз ҳайати ИА расман ташаббус нишон нахоҳад дод.

XS
SM
MD
LG