16 июн дар шаҳраки Бестоб дар шахтаи "Нав", ки аз сӯи ширкати "Казахалтин" коркард мешавад, миёни коргарон ва кормандони оҷонсии хусусии муҳофизатӣ муноқишаи умумӣ бархост. Дар ин муноқиша кормандони оҷонсӣ аз силоҳ кор гирифтанд. Мақомот мегӯянд, 14 коргари кон дар беморхона бистарӣ шудаанд. Панҷ корманди оҷонсӣ ва ду пулис ҳам ҷароҳат бардоштаанд.
"Муҳофизон коргаронро тафтиш мекунанд. Дар ҳамин ҳолат байни коргарон ва муҳофизон ҷанҷоли лафзӣ бармехезад, ки билохира ба занозанӣ мепайвандад. Муҳофизон аз силоҳ истифода мебаранд", - хабар додааст Саденов.
Ба гуфтаи вай, баъди ин ҳодиса сокинони шаҳраки Бестоб гирдиҳамоӣ карда, масъалаҳои иҷтимоиро бардоштаанд.