Ссылки доступа

ИА барои хориҷшавии Бритониё аз созмон муҳлат дод


Ангела Меркел, садри аъзами Олмон рӯзи сешанбе дар Брюссел гуфт, вай ва дигар раҳбарони аврупоӣ барои хориҷ шудан аз ҳайати Иттиҳоди Аврупо (ИА) ба Бритониё муҳлат медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, вай афзуд, имкони "бекор кардан"-и қарори раъйдиҳандагони Бритониё мавҷуд нест.

Дэвид Кэмерон, сарвазири Бритониё, ки дар рӯзи нахустини мулоқоти дурӯзаи роҳбарони ИА ширкат дошт, гуфт, сарфи назар аз натиҷаҳои раъйпурсӣ, кишвари вай аз Иттиҳод рӯй намегардонад ва муносибатҳои мусбати ҳамсоягиро ба роҳ мемонад. Вай розӣ шуд, ки наметавон натиҷаҳои раъдиҳии мардумро барои хориҷ шудан аз ИА бекор кард.

Ахиран дар Лондон зидди хориҷшавии Бритониё аз Иттиҳод раҳпаймоии бузурге баргузор шуд. Ҳизби мухолифи Лейбористҳо пешниҳод дорад, ки раъйпурсии такрорӣ доир шавад.

"Ман талоши зиёд кардам, ки Бритониё дар ҳайтаи Иттиҳоди Аврупо боқӣ монад, аммо комёб нашудам", - гуфтааст Кэмерон.

Вай афзудааст, саммити Брюссел охирин саммите хоҳад буд, ки вай ба ҳайси сарвазир ширкат кардааст.

"Агар бе парда суҳбат кунем, маро ин суол мушавваш месозад, ки Бритониё муносибатҳояшро бо ИА чӣ гуна ба роҳ хоҳад монд", - мегӯяд Кэмерон.

Доналд Туск, раиси Шӯрои Аврупо гуфт, ИА омодаи раванди хориҷшавии Бритониё аз иттиҳод аст.

XS
SM
MD
LG