Ссылки доступа

Сӯхтори ҷангалҳо дар Русия


Дар вилояти Иркутски Русия беш аз 20 ҳазор гектар ҷангал оташ гирифтааст. Пешгӯиҳои боду ҳаво хушҳолкунанда нестанд. Дар се рӯз дар ҳашт ноҳияи вилояти Иркутск сатҳи баланди хатари сӯхтори ҷангалҳо давом меёбад.

Бештар аз ҳазор нафар барои пайдо ва хомӯш кардани манбаи сӯхтори ҷангал сафарбар шудааст. Мақомот ва наҷотдиҳандагон мегӯянд, барои хомӯш кардани оташ нерӯи кофӣ дар ихтиёр доранд.

Дар ин вилоят дар ҷангалҳо ҳолати фавқулода эълон шудааст. Вайронкунандагони тартиботи пешгирӣ аз ҳолатҳои сӯхтор ҷарима мешаванд.

XS
SM
MD
LG