Ссылки доступа

Туркия Қамариддин Афзалӣ, фаъоли ҲНИТ-ро озод кардааст


Қамариддин Афзалӣ, раҳбари бахши Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, рӯзи 28 июн аз боздоштгоҳи муваққати Истанбул озод шудааст.

Наздикони Афзалӣ 29 июн гуфтанд, мақомоти интизомии Туркия ҳуҷҷати будубошашро тафтиш карда, ба далели наёфтани иштибоҳ раҳояш намудаанд.

Расонаҳои марбут ба мухолифони ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷ навиштаанд, ки вай бо дархости Душанбе дастгир шуда ва тӯли тақрибан ҳафтод рӯз дар боздоштгоҳ қарор доштааст. Ин манобеъ мегӯянд, гӯиё Қамариддин Афзалӣ ҳангоми супурдани ҳуҷҷатҳояш барои қайд дастгир шуда буд.

То ҳол на мақомоти Туркия ва на мақомоти Тоҷикистон расман боздошту раҳоии Қамариддин Афзалиро тасдиқ накарда ва далелашро ҳам шарҳ надодаанд.

Қамариддин Афзалӣ то қатъи фаъолияти ҲНИТ дар моҳи сентябри соли гузашта, раҳбарии бахши хатлонии ин ҳизбро бар зимма дошт ва узви раёсати олӣ ва шӯрои сиёсии ин ҳизб ба шумор мерафт. Афзалӣ дар пайи боздоштҳои густурдаи аъзои ҲНИТ ба хориҷ рафт, вале маълум нест, ки ӯ кай ва аз кадом роҳ дохили Туркия шудааст.

Баъди ошӯби Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2015, ки 40 кушта бар ҷой гузошт, Додситонии кулл Ҳизби наҳзати исломиро ҳидоятгар ва тарҳрези ин ошӯб номид ва аз додгоҳ хост, фаъолияташро мамнуъ кунад. Додгоҳи олӣ низ ҳизбро созмони террористӣ номида, фаъолияташро мамнуъ кард ва 14 узви раёсати ҳизб низ дар ҳамон моҳ дастгир шуда, ҳукми зиндони онҳо 2 июн содир гардид.

XS
SM
MD
LG