Бино бар иттилои мақомоти Туркия, дар фурудгоҳ се таркиш рӯх додааст. Яке аз ҳамлагарон ба сӯи одамон оташ кушода, баъдан бомбаро тарконидааст. Қаблан хабар дода шуд, ки кормандони пулис ду марди шубҳанокро дида, оташ мекушоянд, ки дар натиҷа ду таркиш ба амал омадааст.
Тавре хабарнигорон аз макони ҳодиса хабар медиҳанд, кормандони пулис тавонистаанд аз дохил шудани ҳамлагарон ба фурудгоҳ пешгирӣ кунанд ва аз ин рӯ, таркишҳо дар таваққуфгоҳи таксӣ ва истгоҳи метро рӯх додааст.
Фурудгоҳи байналмилалии Истамбул имрӯз, 29 июн дубора гуселу қабули мусофиронро оғоз кардааст. Бино бар иттилои CNN, дар ин бора Бинолӣ Йилдирим, сарвазири Туркия хабар дода, гуфтааст, эҳтимол дорад, таркишҳо кори гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" бошанд.
Вақтҳои охир дар Туркия ҳамлаву таркишҳои хунин бештар сурат мегиранд. Борҳо масъулияти ин ҳамлаҳоро ҷудоихоҳони курд бар зимма гирифтаанд.