Ссылки доступа

Монеаи сафари сайёҳони рус ба Туркия бардошта шуд


Президентҳои Русия ва Туркия - Владимир Путин ва Раҷаб Эрдуғон ба созиш расиданд, ки маҳдудияти сафари сайёҳони рус ба Туркия бардошта шавад. Тавре хадамоти матбуотии Кремл мегӯяд, ин мавзуъ дар рафти гуфтугӯи ду президент баррасӣ шудааст. Ҳамчунин Путин гуфтааст, ба вазиронаш дастур медиҳад, ки бо Туркия масъалаи барқарорсозии ҳамкориҳои тиҷоратиро баррасӣ кунанд.

Гуфтгӯи президентҳо бо ташаббуси Москва рӯзи чаҳоршанбе сурат гирифта ва 45 дақиқа давом кардааст. Ин гуфтугӯ "хеле самаранок ва мусбат" буд, менависад Reuters бо такя ба як манбаъ аз наздикони президенти Туркия. Ҳамчунин ду президент қарор кардаанд, ки мулоқоти рӯ ба рӯ дошта бошанд. Ҳар ду президент изҳор доштаанд, ки "муносибатҳои дуҷониба барқарор шаванд ва бо терроризм мубориза бурда шавад".

Аз моҳи ноябри соли гузашта ба ин сӯ ин нахустин суҳбати ду президент буд. Он замон нерӯҳои ҳавоии Туркия ҳавопаймои бомбаандози Су-24 Русияро сарнагун карда буданд.

Рӯзи сешанбе сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков хабар дод, ки Путин баъди дарёфти изҳори таассуфи Эрдуғон дар бораи марги сарнишини рус, ки ҳавопаймояшро нерӯҳои Туркия сарнагун карда буданд, қарор кард бо Эрдуғон суҳбат кунад. Эрдуғон ҳам баъдтар гуфт, умедвор аст, ки дар фурсатҳои наздик муносибатҳои ду кишвар ба эътидол оянд.

Баъди сарнагун кардани ҳавопаймои Су-24 Кремл зидди Туркия таҳрим эълон кард. Путин шарт гузошт, ки баъди узрхоҳии ҷониби Туркия таҳримҳоро бекор мекунад.

XS
SM
MD
LG