Ссылки доступа

Шумори қурбониёни террори фурудгоҳи Истамбул ба 42 расид


Шумори қурбониёни террори фурудгоҳи Истамбул ба 42 нафар расид. Рӯзи чаҳоршанбе яке аз захмиён фавтид. Миёни кушташудаҳо 13 шаҳрванди хориҷӣ ҳаст. Бештар аз 239 нафар маҷруҳ шуда, 128 маҷруҳ дар беморхона бистарӣ аст. Вазъи 40 нафарашон сангин арзёбӣ мешавад.

Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон 29 июнро рӯзи мотами миллӣ эълон кард.

Тавре сарвазири Туркия Бинали Йилдирим хабар медиҳад, шаби 28 июн се ҷангҷӯ назди нуқтаи назоратии даромадгоҳи фурудгоҳи Отатурк тир кушодаанд. Дар ҳамин ҳолат ду маргталаб вориди бино шуда, худро тарконданд. Як маргталаби дигар худро дар беруни фурудгоҳ таркондааст.

То кунун касе масъулияти ин ҳамларо ба зима нагирифтааст, аммо мақомоти Туркия мегӯянд ин амал кори гуруҳи тундгарои "Давлати исломӣ" аст.

Айни ин ақидаро рӯзи чаҳоршанбе раиси хадамоти кашшофии ИМА Ҷон Бреннан баён кард. Беннан мегӯяд, аз эҳтимол дур нест, ки ДИ дар ҳудуди Амрико ҳам террор омода кунад.

XS
SM
MD
LG