Ссылки доступа

Сокинони Бишкек хотираи қурбониёни Истамбулро гиромӣ доштанд


Назди сафорати Туркия дар Бишкеки Қирғизистон ба хотири гиромидошти қурбониёни террори фурудгоҳи Отатурки Истамбул гирдиҳамоӣ баргузор шуд. Дар ин гирдиҳамоӣ бештар аз 50 сокин, аз ҷумла донишҷӯён, фаъолони ҷамъиятӣ, рӯзноманигорон ва сиёсатмадорон ширкат карданд.

Бо маҳкум кардани террори Истамбул, ширкатдорон хотиррасон карданд, ки хатари терроризм ҷаҳонӣ мешавад. Намояндагони сафорат аз ширкатдорони гирдиҳамоӣ барои ҳамдардиашон сипосгузорӣ карданд.

Тибқи хабарҳои охирин, шумори қурбониёни террори фурудгоҳи Истамбул то ба 42 нафар расидааст. 239 нафар ҷароҳат бардоштааст, ки ҳоло 128 тани онҳо дар беморхона бистарӣ ҳастанд.

Тавре мақомоти Туркия хабар медиҳанд, шаби 28 июн се ҷангҷӯ назди нуқтаи назоратии даромадгоҳи фурудгоҳ тир кушодаанд. Ин замон ду маргталаб вориди бинои фурудгоҳ шуда худро тарконидаанд. Як маргталаби дигар худро дар беруни фурдгоҳ инфиҷор кардааст.

XS
SM
MD
LG