Ссылки доступа

Тоҷикистон бо қочоқи тилову нуқра мубориза мебарад


Вакилони порлумони Тоҷикистон зимни ворид кардани тағйирот ба буҷа мизони боҷҳои гумрукӣ барои воридоти маҳсулоти заргарӣ, аз ҷумла тилову нуқраро поин бурданд.

То кунун тоҷирони ҷавоҳирот муваззаф буданд барои ворид кардани ҳар грамм тилло 67 сомонӣ (8,4 доллар) боҷи гумрукӣ, андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз супоранд.

Ҷамшед Каримзода, муовини вазири молияи Тоҷикистон дар порлумон гуфт, қаблан тоҷирон барои баланд будани мизони пардохтҳои гумрукӣ ҷавоҳиротро бо роҳи кочоқ ворид мекарданд. Вай илова кард, ки танҳо соли гузашта аз Туркия 700 кило тилло ворид шудааст, аммо тоҷирон танҳо 15 килои онро ба расмиёти гумрукӣ даровардаанд.

Каримзода гуфт, ҳукумат бо кам кардани боҷи воридотӣ мехоҳад, тоҷирон тилоро расман ба кишвар ворид кунанд, на ба таври кочоқ.

Хуршед Каримзода, муовини раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар шарҳи ин тағйирот гуфт, ҳоло аксиз, андоз аз арзиши иловагардида ва боҷи гумрукӣ бардошта шуда ба ҷои онҳо “боҷи гумрукии махсус” ҷорӣ гардид, ки барои як грамм тилло 18 сомонӣ муқаррар шудааст.

Соҳибкорони тоҷик маҳсулоти заргариро асосан аз Ҳиндустону Туркия ва АМА ворид мекунанд.

XS
SM
MD
LG