Ссылки доступа

Расонаҳо: ваколатдори кӯдаки Русия баъди рухсатӣ ба истеъфо меравад


Ваколатдори ҳуқуқи кӯдаки Русия Павел Астахов ба рухсатии меҳнатӣ меравад ва баъди ин муҳлат аз кор озод мешавад. Дар ин бора хабаргузории РБК бо такя ба ду манбаъ аз Кремл иттилоъ медиҳад.

Дирӯз хабар расида буд, ки Астахов мумкин аст дар рӯзҳои наздик аз вазифа сабукдӯш шавад. Ин иттилоъро дар дастгоҳи ваколатдори ҳуқуқи кӯдак тасдиқ накарданд. Худи мансабдор ба зангҳои телефонӣ посух намедиҳад. Ҳамсуҳбатони РБК гуфтаанд, сабаби ихроҷи вай аз кор - даъвоҳои зиёде нисбати фаъолияташ будааст. Шуъбаи зиддикоррупсионии Кремл низ дар робита ба фаъолияти Астахов чанд суол дорад.

Астахов дар соли 2009 ба мансаби ваколатдори ҳуқуқи кӯдаки Русия таъин шудааст. Бархе аз ҳарфҳои вай, барои мисол, дар бораи "занҳои ожангбаста" баҳсбарангез буданд. Зимни суҳбат бо кӯдаконе, ки аз фоҷиаи кӯли Сямозери Карелия ҷон ба саломат бурда буданд, Астахов аз онҳо пурсид: "Хуб, чӣ гуна шиноварӣ кардед?".

Ҳарфҳои охири ваколатдор дар ҷомеа баҳсҳои зиёдеро доман зад. Дар интернет барои барканории вай раъйдиҳӣ шуруъ шуд. Танҳо дар рӯзҳои аввали ин раъйдиҳӣ наздики 60 ҳазор корбар хостори барканории Астахов шуданд.

XS
SM
MD
LG