Ссылки доступа

Қирғизистон мехоҳад, ба нашрияҳои интернетӣ мақоми ВАО-ро диҳад


Дар Қирғизистон лоиҳаи қонуне таҳия мешавад, ки бар пояи он нашрияҳои интернетӣ низ ҳамчун воситаи ахбори омма эътироф хоҳанд шуд.

Дар ин бора Омурбек Бобанов, раиси ҷиноҳи “Республика-Ата Журт” дар порлумони Қирғизистон зимни нишасти хабарие дар шаҳри Бишкек иттилоъ додааст.

Ба гуфтаи вай, нашрияҳои интернетӣ низ бояд ҳангоми паҳн кардани иттилоъ масъулият эҳсос кунанд ва дар назди қонун ҷавоб бигӯянд. Дар бораи зарурати чунин қонун қаблан Кожобек Риспаев, вакили порлумони Қирғизистон гуфта буд.

Ёдрас мешавем, порлумони Қирғизистон 22 июн дар қироати нахустин лоиҳаи баҳсбарангези қонун "Дар бораи ВАО"-ро, ки бар пояи он шаҳрвандон ва ширкатҳои хориҷӣ наметавонанд дар ин кишвар расонаи ахбори омма таъсис диҳанд ё соҳиби он бошанд, қабул кард.

Кожобек Риспаев, яке аз муаллифони тарҳи мазкур қаблан гуфта буд, тағйиру иловаҳо ба қонун "Дар бораи ВАО"-и Қирғизистон танҳо ба воситаҳои ахбори оммаи телевизионӣ рабт дорад.

Ин қонун дар ҳоле қабул шуд, ки гуруҳе аз фаъолони шаҳрвандию рӯзноманигорони Қирғизистон лоиҳаи мазкурро маҳдудкунандаи озодии баён хонда, аз вакилони Жогорку Кенеш даъват карданд, ки қонун "Дар бораи ВАО"-и ин кишварро тағйир надиҳанд.

XS
SM
MD
LG