Ба гуфтаи додрас Али Жошев, ташхис барои тафтишоти ҳамаҷониба ва одилона муайян шудааст.
Парвандаи омӯзгори фанни физика, ки дар "расонидани хабари дурӯғ дар бораи терроризм" айбдор мешавад, баҳсҳои зиёдеро ба бор овардааст.
Бештар аз ним сол, ки Юрий Пак талош дорад, то исбот кунад, ки вай ба пулис занг назадааст. Тафтишот мегӯяд, дар соли 2015 Юрий Пак ба пулис занг зада, хабар медиҳад, ки бинои "Фурӯшгоҳи марказӣ" минакорӣ шудааст. Айбдоршаванда ин айбҳоро рад карда, мегӯяд, эҳтимол телефони ӯро касе "рахна" карда, ба пулис тамос гирифтааст.