Ссылки доступа

Дар роҳпаймоии ҳамҷинсгароён наздики як миллион нафар иштирок кард


Дар иқдом ё гирдиҳамоии ҳамҷинсгароёни Christopher Street Day (CSD), ки дар Кёлни Олмон баргузор шуд, беш аз 950 000 иштирокчӣ гирди ҳам омадаанд.

Нилс Шмидт, яке аз ташкилкунандагони ин иқдом мегӯяд, шумори зиёди иштирокчиён пешгӯиҳои таҳлилгаронро ботил сохт, ки мегуфтанд, баъди ҳамла ба клуби ҳамҷинсгароён дар Орландои ИМА, хоҳишмандони иштироки иқдоми Christopher Street Day кам хоҳад шуд.

Барои гиромидошти хотираи 49 қурбонии Орландо ширкатдорони иқдом лаҳзае сукут карданд ва ҳамчунин даъват намуданд, ки ақалиятҳои ҷинсӣ дар тамоми ҷаҳон эътироф гарданд.

Ин бори 25-ум аст, ки дар Кёлни Олмон чунин гирдиҳамоӣ баргузор мешавад. Бори аввал ин иқдом соли 1991 роҳандозӣ шуда буд.

XS
SM
MD
LG