Ссылки доступа

Ду марди дорои шиносномаи қирғизӣ дар Истамбул боздошт шуданд


Мақомоти Туркия 3 июл ду мардро, ки соҳиби шиносномаҳои қирғизӣ буданд, дар фурудгоҳи Отатурки Истамбул боздошт карданд, хабар медиҳад нашрияи Hurriyet.

Ба иттилои нашрия, боздоштшудаҳо аз Украина вориди Туркия шудаанд. Яке аз онҳо бо худ ҳам шиносномаи Қирғизистон ва ҳам шиносномаи Русияро доштааст. Дувумӣ танҳо дорои шиносномаи Қирғизистон будааст.

Зимни ҷустуҷӯ аз онҳо чаҳор дурбин, се ҷуфт сару либоси низомӣ, ду шиносномаи ашхоси ғайр, се ID-корти қирғизӣ ва панҷ шаҳодатномаи таваллуд ёфт ва мусодира шудааст.

Пулиси Туркия ин ду мардро дар ҳамкорӣ бо "Давлати исломӣ" гумонбар дониста, боздошт кардааст.

XS
SM
MD
LG