Ссылки доступа

Дар Русия Гвардияи миллӣ таъсис ёфт


Владимир Путин, президенти Русия рӯзи якшанбе қонун дар бораи таъсиси Гвардияи миллӣ дар кишварашро имзо кард.

Тибқи қонуни имзокардаи Путин, дар асоси нерӯҳои пешини Вазорати корҳои дохилии Русия ниҳоди нави қудратие таъсис меёбад, ки вазифааш таъмини амният дар ҳолатҳои изтирорӣ, мубориза зидди терроризм ва муҳофизат аз иншооту марзҳои давлатист.

Мунаққидон мегӯянд, ин ниҳоди нави қудратӣ барои маҳв кардани дигарандешон пеш аз интихоботи порлумонию президентии Русия таъсис дода мешавад. Қонуни мазкур иҷоза медиҳад, ки ҳангоми ошӯб, ҳамлаи мусаллаҳона ба иншооти давлатӣ ва ё хатари терроризм аз Гвардияи миллӣ истифода шавад.

Қонуни имзокардаи Путин ба Гвардияи миллии Русия низ ҳақ медиҳад, ки ҳангоми пароканда кардани тазоҳуроти оммавӣ, боздошти ҷинояткорон ва таъмини ҳаракати нақлиёт аз нерӯи сабук кор гирад. Ин ниҳод ҳамчунин ҳуқуқи боздошт ва бозҷӯиро дорад. Нашри маълумот дар бораи ҷойгиршавии нерӯҳои Гвардияи милии Русия манъ аст.

XS
SM
MD
LG