Ссылки доступа

Ислом Каримов: дигар маро доҳӣ нагӯед


Ислом Каримов, президенти Ӯзбекистон, хитоб ба сокинони кишвараш гуфтааст, ки дигар ӯро "доҳӣ" нагӯянд. Каримов ин нуктаро ҳангоми мулоқот бо кишоварзони ноҳияи Термизи вилояти Сурхандарё баён доштааст.

Дар ин мулоқот президенти Ӯзбекистон ҳатто суханронии яке аз собиқадорони ҷангро қатъ кардааст, ки мехост Ислом Каримовро барои хизматҳояш васф кунад. Аммо президенти Ӯзбекистон гуфтааст, ки шахсан зидди ин гуна суҳбатҳо аст.

"Иштибоҳ хоҳад буд, агар мо ба хотири он ки болои сарамон доҳӣ истодааст, чунин тавсифҳоро ба забон орем. Ҳамаи мо бояд оқилона зиндагӣ кунем. Миёни мо одамони оддӣ вуҷуд надоранд. Пеш аз ҳама ҳар кас ақл ва назари хос ба зиндагӣ дорад. Аз ин рӯ, ҳамаи ин суханҳо, ки "онҷо доҳӣ нишастаасту хуб медонад, ки чӣ кор кунад ва мову Шумо танҳо фармонбардорем" ғалат аст", - гуфтааст Каримов дар суҳбат бо кишоварзони Термиз.

Ба гуфтаи Каримов, ҳукумати Ӯзбекистон ҷавонони мустақилеро тарбият менамояд, ки назари худро доранд.

XS
SM
MD
LG