Ссылки доступа

Роҳбари НАТО мегӯяд, омодаи муколама бо Русия ҳастанд


Йенс Столтенберг, роҳбари НАТО мегӯяд, роҳбарияти Созмони низомии Атлантикаи Шимолӣ омодааст, ки баъди ба анҷоми саммити Варшава расман бо Русия вориди гуфтугӯ шавад. Саммити НАТО дар Варшаваи Лаҳистон охири ҳафтаи ҷорӣ дар назар аст.

Мулоқоти охири аъзои Шӯрои НАТО-Русия баъди қариб таваққуфи дусола дар моҳи апрели соли ҷорӣ баргузор гардида буд. Дар поёни мулоқот эълон шуд, ки ҷонибҳо ба ихтилофи назари амиқ - пеш аз ҳама дар масъалаи танзими буҳрони шарқи Украина - расидаанд.

Шӯрои НАТО-Русия ҳамчун майдони муколама, ки мумкин аст ба натиҷаҳои пешгӯишавандаи бештаре расонад, аҳамият дорад, мегӯяд Столтенберг. Дар саммити Варшава таъсиси ҷаҳор баталёни НАТО дар ҳудуди Лаҳистон, Литва, Латвия ва Эстония баррасӣ хоҳад шуд.

Муносибатҳои НАТО ва Русия дар робита ба ғасби Қрим аз сӯи Русия ва нақши Москва дар низои шарқи Украина, баъди "ҷанги сард" ба поёнтарин нукта расиданд.

XS
SM
MD
LG