Ссылки доступа

Беш аз 6,5 ҳазор сокини Қизилорда соҳиби замин шуданд


Беш аз 6 ҳазору 500 сокини вилояти Қизилордаи Қазоқистон соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ шуданд.

Бино бар иттилои ҳокимияти Қизилорда, барои ин сокинон дар маҷмуъ 980 гектар замин дар канори шоҳроҳи Қизилорд — Жезказган ҷудо шудааст. Мақомоти маҳаллӣ тасмим доранд, дар ин минтақа шаҳраки наверо бо номи "Байтерек" бисозанд.

"Қарор аст рӯзҳои наздик дар шаҳраки нав 75 километр роҳ ва садҳо километр хати обу барқу газ бунёд шавад. Барои анҷоми ин корҳо аз ҳисоби буҷа 10 миллион танга ҷудо шудааст", - иттилоъ медиҳад ҳукумати вилояти Қизилордин.

Дар Қизилорда бори охир ба сокинон соли 2014 замини назди ҳавлигӣ дода буданд. Бино бар иттилои мақомот, ҳоло дар ин вилоят 42 ҳазор сокини дигар барои гирифтани қитъаи замин навбат мепоянд.

XS
SM
MD
LG