Ссылки доступа

Ҳайати Русия ҷаласаи ассамблеи порлумонии САҲА-ро тарк кард


Ҳайати Русия, ки дар кори ҷаласаи Ассамблеи порлумонии САҲА (Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо) ширкат мекард, аз баррасии қатъномаи Қрим, Абхазистон ва Осетияи Ҷанубӣ худдорӣ кардааст. Дар ин бора расонаҳо хабар медиҳанд.

Ҳайати Русия, ки дар Тифлис ҳузур доштанд, баъди он ки натавонистанд аз баррасии қатъномаи Қрим пешгирӣ кунунанд, толорро тарк карданд. Қатъномаро намояндагони Украина дар доираи ҷаласаи 25-уми Ассамблеи порлумонии САҲА, ки дар пойтахти Гурҷистон доир мешавад, омода кардаанд.

Сарфи назар аз хориҷшавии ҳайати Русия аз ҷаласа, лоиҳаи қатънома ба баррасӣ гузошта шудааст. Дар лоиҳаи қатънома омадааст, ки дар Қрим ба таври мудовим ҳуқуқи инсон поймол мегардад. Роҳбари ҳайати Русия, вакили Думаи давлатӣ Николай Ковалев қатъномаро "ғайри қобили қабул" номидааст. Ба гуфтаи Ковалев, қатъномаи дувум дар бораи вазъи Абхазистон ва Осетияи Ҷанубӣ "шадидан зидди Русия ва сиёсӣ" аст. Аз ҳамин хотир ҳайати Русия ният надорад дар баррасии онҳо ширкат кунад.

Ассамблеи порлумонии САҲА - созмони байнипорлумонист, ки 57 давлатро аз Аврупо, Осиё ва Амрикои Шимолӣ гирди ҳам овардааст.

XS
SM
MD
LG