Ссылки доступа

Қарзи давлатии Қирғизистон ба 4 миллиард доллар наздик шуд


Қарзи давлатии Қирғизистон бино бар вазъи ибтидои моҳи июн 3 миллиарду 945 миллион долларро дар бар мегирад, хабар медиҳад вазорати молияи ин кишвар. Ба иттилои вазорат, ҳиссаи бештари қарзи давлатӣ ин қарзи хориҷӣ аст, ки 3 миллиарду 698,2 миллион долларо ташкил медиҳад.

Қирғизистон аз ҳама бештар аз Бонки содиротиву воридотии Чин, ки ҳамаи лоиҳаҳои бузурги инфрасохтории ин кишварро сармоягузорӣ мекунад, қарздор аст. То кунун ин қарз ба 1 миллиарду 394,7 миллион доллар расидааст. Дар ҷои дувуму севум Эътилофи байналхалқии рушд ва Бонки Осиёии рушд меистанд.

Миёни қарздиҳандагони азими Қирғизистон Русия, Оҷонсии Ҷопон дар умури ҳамкории байналхалқӣ (JICA) ва Бунёди байналхалқии асъор дида мешаванд.

Қарзи дохилии ин кишвар 246,6 миллион доллар ҳисоб карда мешавад.

Ҳаҷми қарзи давлатӣ ба 60 дарсади ММД наздик шудааст. Аз ин сатҳ гузаштанро қонун манъ кардааст, аммо ҳукумат ба порлумон лоиҳаеро пешниҳод кардааст, ки барои ҷалби сармояи хориҷӣ ин нукта сарфи назар шавад.

XS
SM
MD
LG