Ссылки доступа

Моҷаро дар Боғи ҷонварони Душанбе баъд аз марги шеру хирс (видео)


Рӯзҳои 12 ва 13 июни соли равон дар Боғи ҳайвоноти Душанбе пайиҳам хирси панҷ ва шери ҳафтсола фавтид.

Саидхоҷа Сафаров, муовини мудири Боғи ҳайвонот гуфт, шеру хирс аз бетаваҷҷуҳии корманди ҳамакнун собиқашон Саидҷамол Орзуев бо ҳамзистони худ ҷанг карда, дар натиҷаи бардоштани захми зиёд ба ҳалокат расиданд.

"Дар вақти кориаш дар ҷои кор набудааст, ки ҳайвонот бо ҳам ҷанг мекунанд. Агар он ҷо мебуд, ҷояшонро дигар мекард ва ё ба воситаи обпошӣ ҷангро халос мекард. Барои ин огоҳӣ гирифта буд, вале ба ин нигоҳ накарда, беаҳамиятӣ мекунад, ки ду хирс аз хонаашон берун мешаванд. Берун шудани хирс дар рӯзи корӣ хеле хатарнок буд ва он метавонист ба чанд нафар зиён расонад", - изҳор дошт Сафаров дар шарҳи барканории кормандашон.

Хирси фавтида яке аз навъҳои нодири хирсҳои нохунсафед буда, ба Боғи ҳайвоноти Душанбе аз вилояти Бадахшони Тоҷикистон оварда шудааст. Шери ҳафтсолаи африқоӣ дар пайи як табодул аз Боғи ҷонварони шаҳри Тошканди Ӯзбекистон ба пойтахт интиқол ёфта буд.

Аммо Саидҷамол Орзуев, корманди барканоршудаи Боғи ҳайвоноти Душанбе мегӯяд, дар марги шеру хирс ӯ гунаҳкор нест ва ин ҳодиса танҳо баҳонае барои барканориаш шуд.

"Ба шер як рӯз пеш аз маргаш як каллаи гов додам. Ин ​калларо раҳбарият аз куҷо оварда буд, номаълум буд. Ташхис нашуда буд, ки он ҳайвон солим буд, ё не. Баъди ин, шер мурд. Фикр мекунам, ки шер аз он гӯшти вайроншуда мурд. Дасти хирс ҳам каме захмӣ шуда буд, вале онро касе табобат накарду мурд. Хирсҳои дигар аз дарҳои нимвайрона берун шуда буданд, ки он ҷо ҳам гуноҳи ман набуд. Чун инҳо ғараз доштанд, ҳаминро истифода карданд", - илова кард Орзуев..

Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе дар масоҳати 5 гектар замин бунёд шуда, дар он беш аз 40 намуд ҷонвар ва беш аз 50 намуд парранда нигаҳдорӣ мешавад.

Скандал в душанбинском зоопарке
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:15 0:00

XS
SM
MD
LG