Ссылки доступа

Шикояти вакилони Саидқозӣ ба додситонӣ аз раванди тафтишот


Вакилони дифои раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Қазоқистон Саидқозӣ Матаев мегӯянд, дар робита ба ворид накардани ҳуҷҷатҳои пешниҳодии онҳо ба парвандаи нафари таҳти ҳимояташон, аз болои тафтишот ба додситонӣ муроҷиат кардаанд.

Вакилони Саидқозӣ хабар медиҳанд, ки муфаттишон ҳамчунин оғози дубораи ҷараёни тафтишот ва ташхиси иловагии судиву тиббиро рад кардаанд. Дар дархости худ вакилон аз тафтишот хостаанд, ки ҳуҷҷатҳои муҳосибот ва андозро ба парвандаи Саидқозиву Асет Матаевҳо шомил кунанд.

Саидқозӣ Матаев наздики се моҳ аст, ки ба ҳабси хонагӣ гирифта шудааст. Баҳори имсол писараш Асен ҳам ба ҳабси хонагӣ гирифта шуд. Асен муассисӣ хабаргузории КазТАГ буд. Дар ибтидо падару писарро дар дӯздии маблағи буҷа дар ҳаҷми ниҳоят калон ва саркашӣ аз пардохти андоз айбдор мекарданд. Матаев комилан ин айбҳоро рад мекунад.

Моҳи май кумитаи дифоъ аз Саидқозӣ Матаев хабар дод, ки айбномаи раиси Иттифоқи рӯзноманигорони Қазоқистон ба моддаи сабуктаре тағйир дода шудааст. Раиси рӯзноманигоронро акнун ба ҷинояти марбути сӯистифода аз боварӣ бо истифодаи мақоми хизматӣ айбдор мекунанд.

XS
SM
MD
LG