Ссылки доступа

Қирғизистон мақомоти ҳифзи ҳуқуқашро ислоҳ мекунад


Шӯрои мудофиаи Қирғизистон рӯзи 4 июл маҷмуи тадбирҳо барои ислоҳоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишварро қабул кард. Дар доираи ин ислоҳот, идораҳое, ки фаъолияти якдигарро такрор мекунанд, барҳам ва салоҳияти сохторҳо аз нав тақсим мешавад.

Темур Ҷумақодиров, котиби Шӯрои мудофиаи Қирғизистон гуфт, бар пояи маҷмуи тадбирҳои мазкур дар як қатор сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвараш тағйирот сурат хоҳад гирифт.

"Барои мисол, вазифаи тафтишотӣ аз Додситонии кул гирифта шуда, бар зиммаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) ва Хадамоти давлатии мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ вогузор мегардад", - изофа кардааст вай.

Ба гуфтаи Ҷумақодиров, инчунин Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари Қирғизистон барҳам дода шуда, вазифаҳои он дар ихтиёри вазоратҳои корҳои дохилӣ ва тандурустии ин кишвар гузошта мешавад.

ВКД Қирғизистонро низ тағйироти густурда интизор буда, дар ҳайати он як қатор сохтори нав, аз ҷумла хадамоти тафтишотӣ, зидди нашъа, мубориза бар зидди муҳоҷирату экстремизм, амнияти ҷамъиятӣ ва пулиси ҷиноӣ таъсис дода мешавад.

Ҳамзамон вазифаи мубориза бо фасоду ҷиноятҳои иқтисодӣ аз ВКД ва КДАМ Қирғизистон гирифта шуда, бар зимаи Хадамоти давлатии мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ вогузор мешавад.

Темур Ҷумақодиров изҳор доштааст, ки ин ислоҳот сатҳи фасод дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқро поин бурда, барои баланд бардоштани обрӯ ва ба даст овардани эътимоди мардум мусоидат хоҳад кард. Маҷмуи асосии тадбирҳои қабулгардида қарор аст, то охири соли 2016 иҷро шавад.

XS
SM
MD
LG