Ссылки доступа

Созмонҳои хориҷӣ аз ҳаққи таҳқиқи аудиторияи ТВ-ҳои Русия маҳрум шуданд


Созмонҳои хориҷӣ аз ҳаққи санҷиши теъдоди бинандагони телевизионҳои Русия маҳрум шуданд. Дар ин бора ба қонуни ВАО тағйирот ворид шуд ва зери он Владимир Путин, президенти Русия имзо гузошт.

Ин мамнуъият кишвару созмонҳои хориҷӣ ва ширкатҳои зери роҳбарии онҳо, афроди ҳуқуқии хориҷӣ ва ҳамчунин ашхоси ҳуқуқии Русияро, ки 20 дарсади сармояашон аз они хориҷиҳост, дар бар мегирад.

Қонун ҳамчунин созмонҳоеро, ки ба таҳқиқи аудиторияи шабакаҳои телевизионии Русия машғул ҳастанд, вазифадор месозад, ки аз Роскомнадзор барои пеш бурдани фаъолият иҷозатнома бигиранд.

Пештар аз ин шабакаҳои телевизионӣ аз лоиҳаи қонуни вакили порлумони Русия Андрей Лугов пуштибонӣ карда буданд. Лугов пешниҳод карда буд, ки тағйирот ба қонун дар бораи ВАО то соли 2018 боздошта шавад. Лугов мегӯяд, мумкин аст, ки баъди қабули ин тағйирот ТВ-ҳо аз реклама маҳрум шаванд.

XS
SM
MD
LG