Ссылки доступа

Ӯзбекистон назорат марзҳояшро бо Қазоқистонро тақвият медиҳад


Ӯзбекистон дар робита ба пайдо шудани сиёҳзахм дар Қазоқистон, назорати марзҳояшро бо ин кишвар сахттар кардааст, хабар медиҳад РИА Новости.

Охири моҳи июн дар вилояти Қарағандаи Қазоқистон 9 нафар бо гумони мубтало шудан ба бемории сиёҳзахм ("сибирская язва") дар беморхона бистарӣ шуданд, баъдтар ду тани онҳо фавтиданд. Маркази матбуотии вазорати миллии иқтисоди ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки мубтало шудани 8 сокини деҳаи Еркиндики Қазоқистон ба сиёҳзахм тасдиқ гардидааст. Баъдтар дар бораи пайдо шудани сиёҳзахм дар вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ - ҳаммарз бо Ӯзбекистон, хабар расид.

"Ҳолати гирифторӣ ба сиёҳзахм дар Ӯзбекистон то кунун мушоҳида нашудааст. Вазъият зери назорат аст. Дар гузаргоҳҳои марзӣ бо Қазоқистон ҳамарӯза эпидемологҳо навбатдорӣ мекунанд", - хабар медиҳанд мақомоти Ӯзбекистон.

Ба иттилои сарраёсати ветеринарии вазорати кишоварзӣ ва обёрии Ӯзбекистон, дар мавсими тобистон бо сабаби гармӣ хатари паҳншавии бемориҳои уфунатӣ бештар мешавад.

XS
SM
MD
LG