Ҳайатҳои Русияву Украина дар мавриди "Эъломияи Тифлис" баҳси зиёд кардаанд. Игор Попов, вакили порлумони Украина гуфтааст, Русия нисбати кишвараш хушунат роҳандозӣ карда, қисме аз ин давлатро ғасб намудааст. Ба гуфтаи Попов, Москва ҳуқуқи байналхалқиро дағалона вайрон карда, ҳоло мехоҳад бо баргузории "интихоботи ҷудоихоҳона" дар Донбасс "ғасбкориашро қонунӣ бигардонад".
Дар посух ба Попов вакили Думаи давлатии Русия Людмила Козлова гуфт, манбаи мушкилоти на танҳо Украина, балки давлатҳои Шарқи Наздик ҳам "дахолати хориҷӣ" аст, Русия бошад, "Қримро дар асоси хоҳиши сокинони ин нимҷазира ишғол кард".
Ахиран ҳайати Русия аз баррасии ин ҳуҷҷат худдорӣ варзид. Баъди он ки аксарияти ҳайатҳо аз он қатънома ҷонибдорӣ карданд, ҳайати Русия толорро тарк кард.