Ссылки доступа

Додгоҳи олии Қирғизистон парвандаи Аскаровро бозбинӣ мекунад


Дар додгоҳи олии Қирғизистон 11 июл муҳокимаи додгоҳи нисбати Азимҷон Аскаров оғоз мешавад. Дар ин бора аз Додгоҳи олии он кишвар хабар медиҳанд.

Баррасии дубораи парвандаи Аскаров бо дархости вай ва вакили дифоаш сурат мегирад. Ин парвандаро коллегаи Додгоҳи олӣ дар умури парвандаҳои ҷиноятӣ ва қонунвайронкунии маъмурӣ бозбинӣ мекунад.

Баррасии дубораи парвандаи Аскаров пеш аз ҳама баъди қарори Кумитаи СММ дар умури ҳуқуқи инсон, ки аз ҳукумати Қирғизистон талаб кард, то ҳомии ҳуқуқи инсонро аз зиндон раҳо кунанд, сурат мегирад.

Кумитаи СММ мегӯяд, боздошти Аскаров ғайриқонунӣ сурат гирифта, вай шиканҷа шуда ва дар вазъи сангина нигаҳдорӣ шудааст. Ҳомиёни ҳуқуқи маҳаллӣ аз ин қарори кумита истиқбол кардаанд.

XS
SM
MD
LG