Ссылки доступа

Ҳайати нави ИБК аз Байконур ба кайҳон парвоз кард


Аз пойгоҳи кайҳонии Байконури Қазоқистон имрӯз мушаки борбари "Союз-ФГ", ки ҳайати нави Истгоҳи байналхалқии кайҳониро (ИБК) бо худ мебурд, ба кайҳон парвоз кард.

Парвоз соати 7:36 дақиқаи субҳи вақти Остона оғоз шудааст. Баъди 9 дақиқаи парвоз кишти аз қисмати сеюми худ ҷудо шуд ва мутахассисони Маркази раёсати парвозҳо ба идораи он пардохтаанд.

Киштӣ, тавре интизор меравад, баъди ду шабонарӯз ҳайати навро ба Истгоҳи байналхалқии кайҳонӣ хоҳад расонид. Ҳайати нави Истгоҳ аз кайҳоннаварди рус Анатолий Иванишин, кайҳоннаварди ҷопонӣ Такуя Ониши ва кайҳоннаварди НАСА Кэтлин Рубинс иборат аст.

Расидан ба киштии Истгоҳи байналхалқии кайҳонӣ соати 10:12 дақиқаи рӯзи 9 июли вақти Остона дар назар дошта шудааст.

XS
SM
MD
LG