Ссылки доступа

Тими Португалия қаҳрамони "Евро-2016" шуд


Португалия бо ғолиб шудан бар тими миллии футболи Фаронса қаҳрамони Аврупо шуд. Вақти асосии бозӣ бо ҳисоби 0:0 ба поён расид. Тӯби ягонаро бозигари тими миллии Португалия Эдер дар вақти изофӣ дар дақиқаи 109 вориди дарвозаи рақиб кард.

Тими Португалия бори аввал аст, ки соҳиби унвони қаҳрамони Аврупо мешавад. То ин замон тими Португалия дар соли 2004 мақоми дувумро соҳиб шуда буд.

Дар остонаи бозӣ дар Порис тадбирҳои амниятӣ шадид шуда буданд. Минтақаи манораи Эйфил, майдони Елисей ва варзишгоҳи Stade de France-ро, ки 92 ҳазор бинандаро меғунҷонад, бештар аз 5 ҳазор пулис назорат мекард.

XS
SM
MD
LG