Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон кормандони давлатиро маҷбур карданд, ки таппак ҷамъ оваранд


Сарвазири Ӯзбекистон ба кормандони маркази санитарию эпидемиологии ноҳияи Учкупруки вилояти Фарғонаи ин кишвар дастур додааст, ки хона ба хона гарданд ва поруи ҳайвон ё "таппак" ҷамъ оваранд.

Хабар дода мешавад, ки поруи ҳайвонҳо барои беҳбуд бахшидани вазъи замини деҳқонон истифода бурда хоҳад шуд. Сокинони маҳаллӣ аз ин қарори ҳукумат норозӣ ҳастанд. Онҳо мегӯянд, аз камбуди мудовими газ ва нерӯи барқ ранҷ мебаранд ва поруҳи ҳайвонро барои гарм кардани манзил ва омода кардани ғизо истифода мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, духтурон ва ҳамшираҳои шафқат "бо либоси олуфтаи тиббӣ" ҳамроҳ бо посбонҳои маҳаллӣ хона ба хона мегарданд ва аз ҳар хонаводае ду халта пору талаб мекунанд.

- Дар ҷойҳои мо говбонӣ душвор аст. Гову гӯсфандонро дар хона нигаҳ медорем, зеро дар саҳро ҷой нест. Бо алафи харида онҳоро сер мекунем. Аз ду халта пору 200 "таппак" тайёр кардан мумкин аст. Дар деҳае, ки на газ ҳасту на барқ, ин миқдор "таппак" барои 10 рӯз кифоят мекунад. Аммо аз ҳама хандаовараш он аст, ки ҷамъоварии поруро ба дӯши кормандони тиббӣ гузоштаанд. Табибону ҳамшираҳои шафқат бо либоси олуфтаи тиббӣ дар ба дар мегарданд ва "таппак" гадоӣ мекунанд. Тамоми маҳалла ба аҳволи онҳо механдад, - мегӯяд як сокини маҳаллӣ.

XS
SM
MD
LG