Ссылки доступа

Писари Ибни Лодин барои куштори падараш интиқом меҷӯяд


Писари Усома ибни Лодин, бунёдгузори "ал- Қоида" ваъда додааст, ки интиқоми куштори падарашро аз ИМА хоҳад ситонид.

Ҳамза ибни Лодин дар як навори видеоӣ, ки расонаи марбут ба "ал-Қоида"- "ас-Саҳоб" 10 июл нашр кард, гуфтааст, шаҳрвандони ИМА барои тасмимҳои раҳбарони худ ҷавобгӯ ҳастанд.

Вай ҳамчунин изҳор доштааст, ки ин созмони террористӣ дар вокуниш ба "зулму ситам"-и мусулмонон зидди Иёлоти Муттаҳида "ҷиҳод"-ро идома медиҳад.

"Агар Шумо фикр кунед, ки ҷинояти дар Абботобод содиркардаатон беҷазо монд, пас иштибоҳ мекунед", - афзудааст писари Ибни Лодин.

Усома ибни Лодин моҳи майи соли 2011 зимни амалиёти низомиёни Амрико дар шаҳри Абботободи Покистон кушта шуд. Макони будубоши писари ӯ маълум нест. Ба назари баъзе аз таҳлилгарон, ӯ эҳтимол аст, барои бар зимма гирифтани раҳбарии "ал-Қоида" омодагӣ мебинад.

XS
SM
MD
LG