Ссылки доступа

Додгоҳи олии Қирғизистон ҳукми Азимҷон Аскаровро бекор кард


Коллегияи Додгоҳи олии Қирғизистон ҳукми пешини худ дар бораи ҳабси якумрии Азимҷон Аскаровро бекор карда, парвандаи ҷиноятии мазкурро барои таҳқиқи дубора ба додгоҳи вилояти Чуй фиристодааст.

Тибқи қарори зинаи болоии додгоҳ, ҳукм бекор мешавад, додгоҳи вилояти Чуй парвандаи Аскаровро дубора баррасӣ хоҳад кард. Дар марҳилаи баррасии додгоҳӣ ин ҳомии ҳуқуқ дар зиндон боқӣ хоҳад буд.

Муҳокимаи парвандаи Аскаров дар Додгоҳи олии он кишвар ду рӯз давом кард. Парвандаи мазкур баъди қарори Кумитаи СММ дар умури ҳуқуқи инсон ба баррасии дубора гирифта шуд. СММ аз ҳукумати Қирғизистон даъват кард, ки парвандаи вай бозбинӣ ва худи ҳомии ҳуқуқ озод шавад.

Аскаров, шаҳрванди ӯзбектабори Қирғизистон, барои ширкат дар созмондиҳии бетартибиҳои ҷануби Қирғизистон дар соли 2010 миёни ақалиятҳои ӯзбек ва қирғизтаборон айбдор шуда буд. Дар ин ҳодисаҳо бештар аз 450 сокини маҳаллӣ кушта шуданд, ки бештарашон ӯзбектабор буданд. Ва ҳазорон нафари дигар маҷбур шуданд, ки тарки манзил кунанд. Азимҷон Аскаров дар вилояти Ҷалол-Обод ба сар мебурд ва машғули ҳимоят аз ҳуқуқи дигарон буд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи байналхалқӣ борҳо аз Бишкек хостанд, ки ҳукми Азимҷон Аскаровро тағйир диҳад.

XS
SM
MD
LG