Ссылки доступа

Муборизаи якҷояи Тоҷикистону Ӯзбекистон зидди малах


Тоҷикистону Ӯзбекистон расман эълон карданд, ки бо ҳам дар заминҳои ду кишвари ҳамсоя зидди малах мубориза хоҳанд бурд. Ин ҳамкории Душанбеву Тошканд аз табодули иттилоъ ва таҷриба, техника ва дору иборат аст.

Қиёмиддин Ғаниев, сардори Муассисаи давлатии мубориза зидди малахи Тоҷикистон гуфт, моҳи равон ҳайати Ӯбекистон ба ноҳияҳои вилояти Суғду Хатлон омада, ҳайати Тоҷикистон ба вилоятҳои Сурхандарё, Қашқадарё ва водии Фарғона хоҳанд рафт.

“Ҷонибҳо дар ин минтақаҳо бо миқёси хатари ҳамлаи малах ва роҳҳои мубориза бо он ошно хоҳанд шуд”, – афзуд ӯ.

Ғаниев мегӯяд, ба далели муқаррароти раводид (виза) миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон масъалаи муборизаи муштарак зидди паҳншавии малах дар сатҳи вазоратҳои ду кишвар баррасӣ ва ҳал шудааст.

Ӯ гуфт, ки “малах сарҳадро намешиносад. Малах метавонад дар рӯз то 100 километр масофаро тай карда ва аз як кишвар ба кишвари дигар гузарад. Ҳоло ноҳияҳои вилояти Хатлон пурра аз малах тоза шудааст. Мо бояд аз ноҳияҳои ҳамсарҳад бо Ӯзбекистон дидан карда ва бовар ҳосил кунем, ки аз ин минтақаҳо ба Тоҷикистон малах намегузарад”.

Бар пояи маълумоти Муассисаи давлатии мубориза зидди малахи Тоҷикистон, ниҳодҳои кишвар бо ҳамтоёни худ дар Афғонистону Қирғизистон низ ҳамкорӣ доштаанд. Онҳо тавассути телефон ё сафари ҳайатҳо бо вазъияти минтақаҳои тухмгузошта ва самтҳои ҳаракати малах ошно шуда, чораҳо барои нобуд сохтани ин ҳашароти зараррасонро баррасӣ мекунанд.

Бино ба иттилои Муассисаи давлатии мубориза зидди малахи Тоҷикистон, тақрибан дар 90 ҳазор гектар малах паҳн шуда ва то кунун ҳудуди 60 ҳазор гектар дорупошӣ ва аз малах тоза шудааст.

XS
SM
MD
LG