Ссылки доступа

Дар Нитсеи Фаронса даҳҳо одам зери чархи мошини боркаш монд


Дар шаҳри Нитсеи Фаронса ҳадди ақал 50 нафар зери чархи мошини боркаш кушта шуд. Як мошини боркаш шоми панҷшанбе ҳангоми таҷлил аз ҷашни миллии Фаронса - Рӯзи ишғоли Бастилия ба анбуҳи мардум бархурд. Дар ин бора расонаҳо хабар медиҳанд.

Афроди номаълум бо издиҳоми мардум бархурданд. Мошини борбар чанд метр аз миёни издиҳом ҳаракат кардааст. Баъдан силоҳдорон сӯи одамон тир кушодаанд.

Расонаҳои Фаронса менависанд, ки "миёни пулис ва одамони дохили мошин ҳам тирпарронӣ сурат гирифтааст". Пулис аз мардум хоҳиш кардааст, ки дар хонаҳояшон бимонанд.

Дар остонаи таҷлили ҷашни мазур дар Фаронса чораҳои амниятӣ пурзур шуданд. Наздики 11 500 корманди хадамоти амниятӣ дар гузашти анъанавии низомӣ дар Порис ширкат карданд.

XS
SM
MD
LG