Ссылки доступа

Сокини Яккабоғ: ҳоким мардумро ошкоро ғорат мекунад


Дар пайи иҷро нашудани нақшаи ҳосили гандум, ҳокими ноҳияи Яккабоғи вилояти Қашқадарёи Ӯзбекистон дастур додааст, ки зироати деҳқононро ҳам ҷамъоварӣ намоянд.

Ҳоло бо дастури раҳбарияти ноҳия зироати сокинон зери назорати сахти кормандони пулис бо камбайн ҷамъ карда мешавад.

Ду ҳафта мешавад, ки мақомот маҷбуран гандуми коштаи сокинони деҳаҳои Самок, Бешкапа, Мунжир, Навқишлоқ, Ширинбулок ва Сероби ноҳияи Яккабоғро дар заминҳои лалмӣ медараванд.

Тавре манбаи бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ аз Яккабоғ гуфт, мақомотии маҳаллӣ барои маҷбуран ҷамъоварӣ кардани зироати сокинон наздики 40 корманди пулис ва 6 комбайнро ҷалб кардаанд.

"Бори нахуст аст, ки шоҳиди ин гуна ҳодиса мешавем. Ҳокимият ошкоро мардумро ғорат мекунад. Онҳо бо зурӣ гандумеро ҷамъоварӣ мекунанд, ки мардум бо як машақат дар заминҳои лалмӣ кишт кардаанд. Ба майдони кишт шаш комбайн сафарбар шудааст, ки дар як муҳлати кутоҳ тамоми зироати сокинонро ҷамъоварӣ намуданд. Агар деҳқоне эътироз кунад, кормандони пулис ӯро зуд латту кӯб ва шиканҷа намуда, дар мошини зиреҳпӯш маҳкам мекунанд ва танҳо баъди анҷоми ҷамъовари зироаташ раҳо менамоянд", - илова кард манбаъ.

XS
SM
MD
LG