Ссылки доступа

Баррасии парвандаи Иван Шербаков 19 июл оғоз мешавад


Мурофиаи додгоҳии Иван Шербаков, сарбози пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон, ки дар қатли як сокини 22-солаи шаҳри Душанбе айбдор аст, пушти дарҳои баста баргузор мешавад.

Дар парвандаи ҷиноӣ иттилои дорои хусусияти маҳрамонаи марбут ба айбдоршаванда ва қурбонӣ мавҷуд аст. Аз ин рӯ, рӯзноманигорон ба толори додгоҳ роҳ нахоҳанд ёфт, хабар додааст Би-би-сӣ аз қавли манбаи наздикаш ба тафтишот.

Шербаков дар куштори ваҳшиёна айбдор мешавад. Вай ба гуноҳи худ иқрор карда, розӣ шуд, бо муфаттишон ҳамкорӣ намояд.

Парвандаи ин сарбози русро Додгоҳи низомии округи Урал дар қаламрави пойгоҳи 201 баррасӣ намуда, мурофиаи нахустинаш 19 июл баргузор хоҳад шуд.

Шербаков нахустин сарбози рус нест, ки дар қаламрави Тоҷикистон даст ба ҷиноят мезанад. Дар гузашта низ бархе аз сарбозони пойгоҳи 201 бо айбҳои гуногун ба додгоҳ кашида шудаанд.

XS
SM
MD
LG