Ссылки доступа

Нақшаи содироти миллионҳо доллар аз Қирғизистон ба Русия ошкор шуд


Хадамоти давлатии мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии Қирғизистон (ХДМҶИ) нақшаи содироти асъор ба хориҷ аз ин кишварро ифшо кардааст. Бино ба иттилои ин ниҳод, ду шаҳрванди Қирғизистон ба Русия 170 миллион доллари ИМА ё 11 миллиарду 390 миллион сом интиқол додаанд.

"Дастгиршудаҳо, яке дар боздоштгоҳу дувумӣ дар ҳабси хонагӣ қарор доранд. Тафтишот муайян кард, ки онҳо чи гуна 170 миллион долларро ба хориҷ интиқол додаанд. Яке аз боздоштшудаҳо аз соли 2004 то 2016 дар Вазорати молия кор карда, дувумӣ шарики ӯ будааст", - гуфт азамат Шейшеев, сухангӯи ХДМҶИ Қирғизистон дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ.

Зидди дастгиршудаҳо бо айби фаъолияти ғайриқонунии соҳибкорӣ ва қонунӣ гардонидани даромадҳои ғайримашруъ парванда боз гардидааст. Бар пояи маълумоти муфаттишон, ин миқдор пул ба Русия аз соли 2011 то 2016 ба воситаи фурудгоҳи "Манас" интиқол дода шудааст. Эҳтимол аст, баъзе аз бонкҳои тиҷорӣ низ дар ин кор даст дошта бошанд.

Вазорати молияи Қирғизистон гуфт, яке аз боздоштшудаҳо то ибтидои соли равон дар ин ниҳод кор мекард. Ба хотири халал ворид нашудан ба раванди тафтишот ному насаби дастгиршудаҳо бурда намешавад.

Гулмира Туголбаева, сухангӯи Вазорати молияи ин кишвар гуфт, ним сол аст, ки ин нафар дар ниҳоди онҳо кор намекунад. "Агар вай то ҳол дар Вазорати молия кор мекард, пас мо худамон фаъолияти онро таҳқиқ мекардем. Ҳоло Хадамоти давлатии мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии Қирғизистон танҳо фаъолияти он то моҳи январи соли 2016-ро тафтиш дорад", - илова кард ӯ.

То ҳол манбаъ ва сарчашмаҳои ин пулҳои интиқолёфта ба Русия маълум нест. Бино бар фарзияе, пули аз роҳҳои ғайримашруъ ба даст омада ба воситаи Қирғизистон содир мешудаанд.

XS
SM
MD
LG