Ссылки доступа

Додрасҳои ояндаро аз "ғалбер" мегузаронанд


Дар Тоҷикистон минбаъд онҳое, ки бори нахуст ба вазифаи додрас таъин мешаванд, бояд имтиҳони тахассусӣ супоранд.

Сатҳи дониши касбии додрасҳои ояндаро комиссияи вижаи Додгоҳи олӣ, ки аз ҳисоби масъулони дастгоҳи раисҷумҳур, Кумитаи хизмати давлатӣ ва роҳбарияти худи ин додгоҳ таъсис шудааст, хоҳанд санҷид.

Имтиҳони тахассусӣ ё касбии додрасҳои оянда, бар пояи тағйирот ба қонуни конститутсионӣ “Дар бораи судҳо” сурат мегирад, ки се рӯз пеш аз сӯи палатаи болоии парлумони кишвар тасдиқ шуд.

Як манбаъ аз Маркази миллии қонунгузории назди президенти Тоҷикистон, рӯзи 17 июл гуфт, додрасҳо бояд ҳангоми супурдани имтиҳон, ки асосан аз даҳ бахш иборат аст, шурӯъ аз конститутсия то кодексҳои мурофиаву ҷиноятӣ, маълумот дошта бошанд.

“Додрасҳо ки дар мурофиаҳо тақдири садҳо нафарро ҳал мекунанд, бояд касбияти худро хуб донанд”, - афзудааст ӯ.

Ҳадафи супурдани имтиҳон боло бурдани сатҳи касбии додрасҳои оянда гуфта мешавад. Як соли пеш ҳам барои довталаби кор дар додгоҳҳо навиштани диктант ҷорӣ шуда буд, ки садҳо довталаби курсии додрасӣ аз имтиҳони забони тоҷикӣ баҳои “ду” гирифтанд.

Ҳоло дар Тоҷикистон наздик ба 500 додрас фаъолият дорад, ки беш аз сад нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд.

XS
SM
MD
LG