Ссылки доступа

Тян-Шани Ғарбӣ шомили рӯйхати ЮНЕСКО шуд


Кумитаи СММ дар умури Мероси ғайримодии ҷаҳонӣ қаторгуҳҳои фаромарзии Тян-Шани Ғарбиро ба рӯйхати иншооти Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил кард.

Тян-Шани Ғарбӣ, ки дар ҳудуди Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон паҳн шудааст, дар қатори ҳашт иншооти нав қарор дорад, ки ҳамагӣ шомили рӯхайти Мероси ҷаҳонӣ шуданд.

Тян-Шани Ғарбӣ, ки баландии қуллаҳояш аз 700 то ба 4 503 метр мерасад, қисме аз қаторкуҳҳои Тян-Шан - яке аз баландтарин қаторкуҳҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Минтақаи Тян-Шани Ғарбӣ аҳамияти ҷаҳонӣ дорад, зеро дар ин минтақа меваҳои гуногун ва ҷангалҳои фарқкунанда мерӯяд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ЮНЕСКО.

Қарор дар мавриди Тян-Шани Ғарбӣ зимни ҷаласаи 40-уми кумита, ки аз 10 то 17 июл дар Истамбули Туркия баргузор шуд, пазируфта шудааст. Миёни ҳашт иншооти нав, ки шомили рӯйхати ЮНЕСКО шудаанд, биёбони Лут дар Эрон ва минтақаи ҷангали Шэннутсзя дар Чин низ ҳастанд. Иншооти дигар аз Канада, Мексика, Судон, Чад ва Ироқ шомили рӯйхати ЮНЕСКО шудаанд.

XS
SM
MD
LG