Ссылки доступа

Дар Истамбул хабарнигори РЕН ТВ-и Русия боздошт шуд


Хабарнигори телевизиони РЕН ТВ-и Русия Валентин Трушин дар фурудгоҳи Истамбули Туркия боздошт шудааст. Вай ният дошт аз талоши табаддулоти низомӣ дар Туркия гузориш таҳия кунад.

Аммо наворбардори телевизиони мазкур Михаил Фомичевро ба Туркия роҳ надода, дубора ба Русия фиристодаанд. Ба гуфтаи Фомичев, вай дар бораи ҳамкораш ва сабабҳои манъи вурудашон ба Туркия чизе намедонад.

"Вай фурсат пайдо карду ба идораи ТВ паёмак фиристода, хабар дод, ки ӯро тафтиш доранд ва ҳуҷҷатҳояшро гирифтаанд. Аз он замон тамос бо хабарнигор канда шудааст", - хабар медиҳад идораи РЕН ТВ. Ин шабака ҳанӯз дар бораи будубоши хабарнигораш иттилоъ надорад.

XS
SM
MD
LG