Ссылки доступа

Дар шимоли Тоҷикистон ду дилдода худкушӣ карданд


Баъди як ҳафтаи ҷустуҷӯ ҷасади ду ҷавони ошиқ аз Айнӣ, дар наздикиҳои шаҳри Панҷакент пайдо шудааст. Шаҳбоз Холмуродови 24-сола ва Санавбар Ғафуроваи 21-соларо як ҳафта боз дар деҳаи Зосуни Айнӣ наздикону ҳамдеҳаҳо ҷустуҷӯ мекарданд. Ҷасади ин ду дилдода рӯзи 15 июл аз дарёи Зарафшон пайдо шудааст.

Акбархӯҷа Солеҳов, раҳбари Кумитаи ҷамъиятии деҳаи Зосун мегӯяд, онҳо марги ин ду дилдораро "худкушӣ" арзёбӣ мекунанд. Солеҳов меафзояд, ин ду ҷавон рӯзи 8 июл, шаш километр дуртар аз деҳа рафта, худро ба дарё партофтаанд. Ҳоло, ба гуфтаи ӯ, дар робита ба ин қазия чанд фарзия ҷой дорад.

"Як фарзия ин аст, ки онҳо якдигарро дӯст медоштанд ва ҳарду бо ҳам рафта худро ба дарё партофтаанд. Падару модар ҳам аз муносибати фарзандон огоҳ ва аввал барои издивоҷи онҳо розӣ буданд, аммо баъд кадом як монеа шудааст. Ҳоло ба мо маълум нест, ки ин мухолифат аз кадом тараф шудааст," – гуфт ӯ.

Шаҳбоз Холмуродов хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, дар лабораторияи кимиёвии Комбинати металлургии Анзоб кор мекард. Санавбар Ғафурова ҳам имсол омӯзишгоҳи тиббии ноҳияи Айниро хатм карда буд.

Пайвандони Шаҳбоз мегӯянд, ин ду ҷавон дар воқеъ якдигарро дӯст дошта, аҳди садоқат баста буданд. Ҷонон Эшназаров, яке аз наздикони Шаҳбоз, ки солҳои донишҷӯӣ ҳамроҳ бо Шаҳбоз дар Душанбе зистааст, гуфт, тақрибан 6 моҳ пеш Шаҳбозу Санавбарро волидон фотеҳа карданд. "Вале мегӯянд, ҳудуди 3 моҳ пеш модари духтар фотеҳаро гардондааст. Байни духтару писар ҳам як муддат ҷудоӣ сар зад. Аммо баъдан мегӯянд, боз бо ҳам ҳамсӯҳбат мешудаанд", - гуфт Эшназаров.

Шаҳбоз рӯзи ҳаштуми июл бо нияти кор аз хона берун шуда, бо ҳамин чанд рӯз бедарак гаштааст. Хонавода ва наздикон дар муддати як ҳафта ӯро дар куҳу дара, дар шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд, ҳатто аз тариқи расонаҳо ва телевизиони давлатӣ ҷустуҷӯ карда, то охирин лаҳза умед доштанд, ӯро зинда пайдо мекунанд. Эшназаров мегӯяд, "Шаҳбоз бачаи босавод буд, беақл набуд, намедонем, чаро ин корро кард".

Ҳоло қазияи марги Санавбару Шаҳбоз аз сӯи мақомоти ноҳия тафтиш мешавад. Худкушии ин ду дилдода сокинони деҳаи Зосунро дар ноҳияи Айнӣ сахт такон додааст. Кумитаи ҷамъиятии деҳаи Зосун ҳам ин рӯзҳо миёни сокинони деҳа барои ҷилавгирӣ аз чунин ҳодисаҳо сӯҳбатҳо мегузаронанд.

XS
SM
MD
LG