Ссылки доступа

Сомонаи maalymat.kg дар Қирғизистон баста шуд


Бо қарори додгоҳи ноҳияи Аламудини Қирғизистон сомонаи maalymat.kg дар ин кишвар баста шудааст. Дар ин бора муассиси сомона Дайирбек Орунбеков ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабар додааст.

Ба гуфтаи Орунбеков, судиҷрочиён қарори додгоҳро ба ширкати интернетрасони "АзияИнфо" расонидаанд. "Қарор дар бораи дороии ман қабул шудааст. Онҳо сомонаи маро бастанд, аммо сомона дороӣ ба ҳисоб намеравад. Дар қарори додгоҳ омадааст: "ба мақолаи дар бораи президент раддия нашр шавад". Дар бораи бастани сомона ҳарфе набуд", - мегӯяд рӯзноманигор.

Додгоҳи ноҳияи Аламудини Қирғизистон моҳи июни соли гузашта қарор бароварда буд, ки ҳамчун товони зарари маънавӣ ба президент 3 миллион сом (муодили 300 ҳазор сомонӣ) пардохта шавад. Ҳамчунин рӯзноманигор бояд раддия чоп мекард.

Дар даъвои додгоҳӣ навишта шуда буд, ки рӯзноманигор дар яке аз матлабҳояш президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ва ду узви дигари Ҳукумати муваққатиро айбдор кардааст, ки фаъолияти онҳо боиси сар задани ҳодисаҳои соли 2010 шудааст.

XS
SM
MD
LG