Ссылки доступа

Раҳоии ду тоҷике, ки як моҳ дар зиндони Ӯзбекистон буданд


Ӯзбекистон ду сокини ноҳияи Конибодоми Тоҷикистонро аз боздоштгоҳе дар Қӯқанд раҳо кардааст. Алиҷон Исмоилов ва Қурбоналӣ Аслонов – сокинони ноҳияи Конибодом – як моҳ пеш дар минтақаи марзии Патар аз сӯи марзбонҳои ӯзбек боздошт шуда буданд.

Вале сокини дигар ин маҳал Ҳайдар Қӯзиев, ки низ моҳе пеш аз ҷониби сарҳадбонҳои Ӯзбекистон аввал захмӣ ва баъдан боздошт шуда буд, ҳанӯз озод нагардидааст. Эргаш Мамадҷонов, раиси кумитаи деҳаи Яккатераки ҷамоати Патари Конибодом ва амаки Ҳайдар Қӯзиев, мегӯяд, ин ду нафар ҷиянашро дар боздоштгоҳи Қӯқанд дидаанд.

"Ин ду ҷавон тахминан як моҳ пеш надониста хатти сарҳадро гузаштаанд ва сарҳадбонҳои ӯзбек онҳоро дастгир карда бурдаанд. Онҳо дар боздоштгоҳи шаҳри Қӯқанд бо Ҳайдар Қӯзиев якҷоя нигаҳдорӣ мешудаанд ва паёми сиҳат будани ӯро расонданд", – гуфт Мамадҷонов.

Сарраёсати нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон рӯзи 20 июл аз раҳо шудани Ҳайдар Қӯзиев ва ба Тоҷикистон баргаштани вай хабар дод. Муҳаммад Улуғхоҷаев, сардори дафтари матуботи Сарраёсати нерӯҳои марзбонӣ гуфт, шаҳрванди Тоҷикистон Ҳайдар Қӯзиев ду рӯз қабл саломат ба назди хешовандонаш ба Конибодом баргаштааст. Хабаре, ки дар ҳоли ҳозир дар Конибодом тасдиқ намекунанд.

Дар як соли охир ин бори дувум аст, ки дар ин минтақа марзбонҳои Ӯзбекистон шаҳрвандони тоҷикро захмӣ карда, бо худ ба Ӯзбекистон мебаранд. Моҳи июли соли гузашта марзбонҳои ӯзбек Тулқинбой Усмонов ва Ҳушёр Қобилов – ду сокини ноҳияи Конибодомро вақти говбонӣ дар хоки Тоҷикистон дастгир карда, ба пойи Тулқинбой тир зада буданд.

XS
SM
MD
LG